22 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид. Зимни он ноширони ватанӣ ва хориҷӣ барои иштироки фаъолона бо Диплом ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар намоишгоҳ ноширон ва намояндагони фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия китобҳои тозанашрро пешниҳод карданд. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа аст.
Ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, аз қабили Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ройгон дастрас гардидани «Тоҷикон» – шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадон ва таҷлили Рӯзи китоб аз ҷумлаи дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Намоишгоҳи «Китоби Душанбе» ҷамъбаст шуд
Блоки рекламавӣ


