Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт ва ноҳияҳои он намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид. Даир ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази савдои «Истиқлол», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чеварони Лола» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» баргузор мегардад.

Намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ дар ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаи Валаматзода 8 (назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур), хиёбони Рӯдакӣ 10 (назди Маркази савдои «Садбарг» ва «Шукрона»), кӯчаи Айнӣ 307/5, Маркази савдои «Ховарон» ва Маркази савдои «Гелос», кӯчаи А. Лоҳутӣ 4/33 пешкаш мешавад.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ намоишгоҳ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди бозори «Корвон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди бозори «Корвон плюс», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаёз-2015», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дунёи нав АСК», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии Тоҷик» ва Маркази савдои «Ганҷина» доир мегардад.

Намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ дар Маркази савдои «Панҷшер» низ сурат мегирад.

Намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ дар ноҳияи Сино дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафариён» (дохили бозор) ба намоиш гузошта мешавад.

Бояд гуфт, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии кишвар дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, пешкаш менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь