Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоиши сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки то 22 октябр идома мекунад.
Дар намоишгоҳ намояндагони корхонаҳои табъу нашри беш аз даҳ давлати ҷаҳон ва ноширони Тоҷикистон китобҳои тозанашрро намоиш медиҳанд.
Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа аст.
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватанию хориҷӣ доир мегардад.
Дар анҷоми Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ноширон барои иштироки фаъолона Диплом ва Ифтихорнома супорида хоҳад шуд.

Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз шуд
Блоки рекламавӣ


