Бино ба гузориши Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент, як шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми саёҳат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворӯ, деҳаи Ворӯ, аз кӯҳ лағжида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Баъди дарёфти хабар, гурӯҳи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд дар водии Зарафшон, Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ ва Сардори шӯъба ва афсари калони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент ба самти ҷамоати деҳоти Ворӯ сафарбар шуданд.
Наҷотдиҳандагон пас аз тай кардани роҳҳои душворгузари ағбаи Чимтарға, шахси маҷрӯҳро муайян ва пайдо карданд.
Ҷабрдида як сокини 44-солаи шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Руссия буда, ҳангоми лағжиш аз баландӣ пойашро шикастааст. Ба ӯ дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуд.
Сипас, санаи 10 сентябри соли 2025, ҷабрдидаро бо истифода аз замбари махсуси тиббӣ ва аз роҳҳои душворгузар, ки ҳаракат дар онҳо мушкил аст, ба деҳаи Ворӯ интиқол дода, баъдан дар беморхонаи шаҳри Панҷекент бистарӣ карданд. Дар айни замон саломатии шаҳрванд таҳти назорати табибон қарор дорад.

Наҷот додани гардишгари хориҷӣ
Блоки рекламавӣ