Тоҷикистон бо ширкати Илон Маск дар бораи пайваст кардани ҷумҳурӣ ба шабакаи Starlink мувофиқа кардааст.
Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати Starlink Tajikistan, ки ба корпорасияи миллиардери амрикоӣ Илон Маск SpaceX дохил мешавад, шартномаи литсензионӣ бастааст. Тибқи санаде, ки дар доираи форуми Dushanbe Invest-2025 имзо шудааст, ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернетии моҳвораии Starlink дастрасӣ пайдо мекунад.
Тибқи маълумоти “Фарғона”, дар рӯзи аввали форуми сармоягузорӣ, ки 14 октябр дар Душанбе оғоз ефт, хадамоти алоқа бо ширкатҳои пешрафтаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳашт созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Шартномаҳо лоиҳаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, инфрасохтори интернет, технологияҳои 5G ва ғайраро пешбинӣ мекунад. Аммо маҳз шартнома бо ширкати Илон Маск аз ҷониби мансабдорони тоҷик “калидӣ” номида шуд.

Нафаси Илон Маск ба Тоҷикистон ҳам расид?
Блоки рекламавӣ


