Дар нишасти хабарии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба андозаи 2 млрд. 721,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, иҷроиши он 103,4% таъмин гардида, ба буҷети Агентӣ 2 млрд, 814,8 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 93,1 мли сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон,  директори Агентии мазкур Абдураҳмон Ҳалимзод гуфт, ки  нақшаи маблағҳои андухти нафақавӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи 168 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Воридоти он бошад 175 млн, 981 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иҷроиши он 104,7%-ро ташкил дода, нисбати нақшаи пешбинигардида 7 млн. 970 ҳазор сомонӣ зиёд аст. “Бинобар кӯч бастан, вафот кардан нафақаи 37 ҳазор нафар қатъ карда шудааст” – посух дод Ҳалимзода ба суоли хабарнигорон.Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки “пас аз пардохти  ғайринақдӣ 288 нафар муайян карда шуданд, ки баъд аз марги волидон  нафақа мегирифтаанд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь