Дар асоси фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи феврали имсол имзо карданд, ҳаққи нафақаи маъмулӣ, ки ҳоло 325 сомонӣ аст, ба 357 сомонӣ мерасад.
Нафақаи корӣ, ки мардум пас аз расидан ба синни нафақа мегиранд, камаш 645 сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло нафақаи меҳнатие, ки як коргари оддӣ мегирад, 586 сомонӣ аст.
Аз моҳи оянда стипендияи донишҷӯёни тоҷик низ зиёд мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз боло бурдани ҳаққи бознишастагӣ, беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволӣ ва зиндагии мардум ва бахусус кормандони идораҳои давлатӣ, ба мисли омӯзгорону табибон аст.
Бино ба омори расмӣ теъдоди афроде, ки дар Тоҷикистон нафақа мегиранд, тақрибан 860 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Шумораи онҳое, ки бинобар маъюбӣ кӯмаки иҷтимоиро аз давлат мегиранд аз 170 ҳазор нафар ҳам зиёд будааст.

Нафақа дар Тоҷикистон 10 дар сад боло бурда мешавад
Блоки рекламавӣ


