Музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Руссия сдар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
“Русия барои Тоҷикистон яке аз шарикони асосии сиёсию иқтисодӣ мебошад”, — изҳор доштанд дар оғози музокирот Сарвари давлати мо. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “мо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин, дар бахши амният ҳамкории наздик дорем”.
Бо ёдоварӣ аз ҷаласаи чанде пеш баргузоршудаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ки бисёр масъалаҳо дар доираи кори ин комиссия ҳалли худро меёбанд.
Таъкид гардид, ки санадҳои имрӯз имзошаванда низ ба рушди ҳамкории барои ҳарду кишвар судбахш такони нав мебахшанд.
Гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Руссия доираи васеи масоил аз соҳаҳои энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ то илму маориф ва амнияту мудофиаро фаро гирифтанд.
Дар ин замина ба омода намудани кадрҳо ва мутахассисони дараҷаи баланди соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ мавриди таваҷҷуҳ уарор гирифт.
Имконоти тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои истихроҷи маъдан ва саноати коркард, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ва тавлиди масолеҳи сохтмонӣ аз мавхуъҳои муҳим буд.
Густариши долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъмини устувории шабакаҳои боркашонӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти иқтисодиёти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои нав ҳам дар канор намонд.
Ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу мудофиа ва хадамоти махсуси ду кишвар дар самти таъмини амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва идеологияи радикалӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳдидҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ таъкид гардид.

Музокироти васеи сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Руссия
Блоки рекламавӣ


