Ба ҳолати 1 июли соли 2025 музди миёнаи меҳнати кормандон дар ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ 2665,9 сомониро ташкил дод. Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорон хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,2 фоиз ё 519,9 сомонӣ афзудааст.

Музди миёнаи меҳнат дар бархе аз соҳаҳо чунин аст:

Маориф – 2441,92 сомонӣ

Тандурустӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ – 1951,61 сомонӣ

Фарҳанг ва варзиш – 2305,33 сомонӣ

Мақомоти идоракунӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ – 2275,67 сомонӣ

Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид кард, ки афзоиши музди меҳнат нишондиҳандаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар мебошад.

Абдураҳмон Раҳмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь