Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 14 муассисаи тандурустӣ дар бинои номутобиқ қарор доранд, ки аз инҳо аллакай лоиҳакашӣ дар 7 иншоот оғоз гардидааст. Дар ин бора сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мӯсозода Иброҳим имрӯз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.
Ӯ афзуд, ки аз ин иншоот 8 адад дар хона, 5 адад дар мактаб ва як адади дигар дар дигар ҷой мебошанд.
Гуфта шуд, ки барои 7 иншоот, қитъаи замин бо қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷудо карда шуда, лоиҳаҳо омода аст, сохтмон оғоз мегардад.
-7 иншооти дигар мондааст, ки аз ин 5 ададаш дар хона 2 ададаш дар мактаб мебошанд. Инҳо дар ноҳияи Мӯъминобод дар хона ду адад, Кӯшониён 1 адад, Данғара 1 адад Ҳамадонӣ як адад, ноҳияҳои Панҷ як адад ва Муъминобод 1 ададӣ дар мактаб мебошанд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи инҳо аз ҷойҳои номутобиқ бароварда мешаванд,-илова кард Мӯсозола Иброҳим.

Мусозода Иброҳим: 14 муассисаи тандурустӣ дар бинои номутобиқ ҳастанд
Блоки рекламавӣ


