Дастаи намояндаи Тоҷикистон – чемпиони феълии футболи кишвар клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе аввалин бозиашро дар Лигаи чемпионҳои AFC-2021 бо клуби “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” аз Аморати Араб мусовӣ анҷом дод.

Вохӯрии ин дастаҳо дар гурӯҳи “А” 15-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд ва бидуни гол анҷом ёфт.

Дар бозии дигари ин гуруҳ низ мусовӣ ба қайд гирифта шуд. Дастаи АГМК аз Ӯзбекистон бо дастаи «Ал-Ҳилол» аз Арабистони Саудӣ 2:2 кард.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 “Истиқлол” бо дастаи АГМК вомехурад.

Лигаи чемпионҳои AFC-2021

Гурӯҳи «А». 1-ум давр

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – 0:0

Ҳайати «Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ваҳдат Ханонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 64).

Беҳтарин бозингар: Рустам Ятимов («Истиқлол»).

Сардовар: Дилан Перейра (Шри-Ланка).

15 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи шоҳ Фаҳд.

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Узбекистон) – 2:2

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь