Пойтахти кишвар боз як мусобиқаи байналмилалии футболро мизбонӣ мекунад. Тибқи и ттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз 17-ум то 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқоти Ассотсиятсаи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола баргузор мешавад.
Дар доираи ин мусобиқот дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон байни ҳам рақобат мекунанд. Миллипӯшони навраси тоҷикро ба ин мусобиқа сармураббӣ Зайниддин Раҳимов омода мекунад.
Дар чаҳорчӯби мусобиқоти CAFA-2021 дар умум шаш рақобат сурат мегирад, ки ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки мухлисон баргузор мешаванд. Давомнокии бозиҳо 90 дақиқаро дар бар мегиранд.
Мувофиқи тартиби муайяншуда, мусобиқоти Ассотсиятсаи футболи Осиёи Марказӣ байни наврасони то 15-сола аз рӯйи низоми даврӣ доир хоҳад шуд. Дастае, ки аз ҳама бештар имтиёз ба даст орад, ғолиби мусобиқа мегардад.
Мусобиқоти CAFA-2021 миёни мунтахабҳои наврасони (U-15)
Даври 1-ум: 19 ноябр (ҷумъа)
12:00 – Ӯзбекистон – Эрон
15:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон
Даври 2-юм: 21 ноябр (якшанбе)
12:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон
15:00 – Эрон – Тоҷикистон
Даври 3-юм: 23 ноябр (сешанбе)
12:00 – Эрон – Қирғизистон
15:00 – Тоҷикистон – Ӯзбекистон
Муҳаммадназар Наҷбудинов



