Муштзани тоҷик Хусравхон Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, ба финал баромад.
Дар таърихи бокси тоҷик ин аввалин бор аст, ки як муштзан аз Тоҷикистон ба финали қаҳрамонии ҷаҳон роҳ пайдо кард.
Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кило дар даври ниманиҳоӣ бо шикаст додани Хуҷаназар Нортоҷиеви узбекистонӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 ба финал баромад. Ҳамакнун Раҳимов 13-уми декабр барои медали тило бо рақибаш Оразбек Асилқулов аз Қазоқистон мубориза мебарад.
Хусравхон Раҳимов, ки дар рақобати аввал бар муштзани Лесото дар раунди дуюм бо нокаут пирӯз шуда буд, дар даври 1/8-ниҳоӣ бар намояндаи Муғулистон Энх-амар Хархуу бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда, дар чорякфинал бар намояндаи Африқои Ҷанубӣ Сигвела Масибулеле бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 дастболо гардид ва ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь