“Ҳамватанони азиз!
Бо сабаби бад шудани саломатӣ, бо иҷозати Президент ман ба Олмон омадам, зарур буд, ки дар ҷои беморхонаи қаблан гузаронидашуда аз муоина гузарам.
Аммо дирӯз ман фаҳмидам, ки аз вазифа озод шудаам. Ин барои ман як чизи ғайричашмдошт буд.
Новобаста аз вазъият, мо вазифадорем, ки қарори Президентро иҷро кунем.
Дар назди давлат, мардум ва Президент ман ростқавлона ва содиқона хизмат кардам ва аз ин фахр мекунам.
Ягона чизе пушаймонам, ин буд, ки шахсан бо ҳайати шахсӣ хайрухуш карда натавонистам.
Ман ба ҳар як корманди КДАМ изҳори сипос мекунам ва ба ҳама дар хидмат муваффақият мехоҳам.
Ман даъват мекунам: Барои сулҳу субот дар мамлакати мо ҳеҷ кас набояд ба амалҳои ғайриқонунӣ даст занад. Ҳамаи амалҳои мо бояд танҳо дар доираи қонун бошанд!”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь