Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дар шаш гектар беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуда, ҳамзамон дар маркази ноҳия дар чор гектар боғи нав бунёд гардид, иттилоъ додааст Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин замина дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва ободонии мамлакат роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ҳамроҳ бо роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок кард. Ҳайат инчунин бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия, хусусан ҷараёни корҳои созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ ошно гардид.
Дар ҷамоати деҳоти Аличор ҳайат аз сохтмони муассисаи томактабӣ, майдончаи варзишӣ ва гармхонаи муосир, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бунёд мегарданд, дидан намуд. Гуфта шуд, ки чунин бунёдкорию созандагӣ дар баробари рушди иҷтимоӣ ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва беҳдошти муҳити зист мусоидат мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь