“Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи истеҳсоли ғизои моҳӣ бунёд карда мешавад” – гуфтааст Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб.
Корхонаи истеҳсолӣ дар деҳаи Аличор аз ҷониби соҳибкори ватанӣ марҳила ба марҳила бунёд мегардад. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар марҳилаи якуми бунёди корхона 1 миллион сомониро ташкил дода, 15 ҷойи кори доимӣ таъсис дода мешавад.
Роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли ғизои моҳӣ шинос гардида, ба масъулин дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд бунёд намудани корхона тадбирҳои заруриро пеша кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь