Мақомоти Қазоқистон бошанд, аз вавобгарӣ нашри маълумоти носанҷида ҳушдор доданд
Хабари боздошти вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро намояндаи расмии вазорат Айбек Смадияров рад кард, – хабар медиҳад Ratel.kz.
“Хабари боздошти вазири корҳои хориҷии ҶҚ бо воқеият мувофиқат намекунад. Мо инро ҳамчун вайрон кардани ахлоқи журналистӣ ва қонунгузории амалкунандаи кишварамон арзебӣ мекунем”, – изҳор дошт Смадияров.
Мурат Нуртлеу аз моҳи апрели соли 2023 муовини сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ мебошад.
Ҳамчунин вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Аида Балаева аз нашри маълумоти носанҷида дар бораи боздошти хизматчиёни давлатӣ ҳушдор дод:
“Бояд дар хотир дошт, ки ӯҳдадории санҷиши дурустии маълумоти паҳншаванда, принсипи фарзияи бегуноҳӣ ва инчунин ахлоқи журналистӣ вуҷуд дорад. Дар ҷустуҷӯи тафсилоти “хайп”, ки аксар вақт тасдиқ намешаванд, рӯзноманигорон бояд дар хотир дошта бошанд, ки чунин маълумот метавонад ба шаҳрвандон ва хешовандони наздики онҳо зарар расонад,
шаъну шарафи онҳоро паст кунад, дар асл тӯҳмат бошад. Ман ҳамкоронро даъват мекунам, ки ӯҳдадориҳоеро, ки ВАО ва рӯзноманигорони касбӣ бояд риоя кунанд, фаромӯш нанамоянд. Ва инчунин хотиррасон мекунам, ки барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст”, – навиштааст Балаева дар Facebook.
Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳо маълумот дар бораи боздошти мансабдорони баландпоя, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии Қазоқистон паҳн шудааст.

Мурат Нуртлеуро туҳмат карданд
Блоки рекламавӣ


