Мураббии собиқи дастаи мунтахаби занонаи Ӯзбекистон оид ба футбол клуби мардонаи Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.
Сармураббии собиқи дастаи мунтахаби занонаи Узбекистон оид ба футбол Шералӣ Бобоқулов клуби “Истаравшан” – ро, ки дар лигаи олии чемпионати мардонаи Тоҷикистонро сарварӣ менамояд.
Мутахассиси ӯзбек дар ин вазифа Шуҳрат Шамсиевро иваз кардааст, ки аз оғози мавсим дастаро роҳбарӣ менамуд.
Барои Бобоқулов ин таъиншавӣ аввалин дар футболи касбии мардона ва берун аз ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Шартнома то охири соли ҷорӣ имзо гардид. Мураббӣ вазифадор аст, ки клубро аз афтодан аз лигаи олии ҷумҳурии Тоҷикистон наҷот диҳад. Дар вохӯрии аввал таҳти роҳбарии Бобоқулов, 19 октябр, Истаравшан ғайричашмдошт яке аз пешсафони лигаи олӣ – ТССКА- и Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Бояд қайд кард, ки дар” Истарашан ” чор футболбози ӯзбек бозӣ мекунанд.
Шералӣ Бобоқулов дар тӯли чанд сол дастаи мунтахаби занонаи Ӯзбекистон ва дастаи “Суғдиён” – и Ҷиззахро тамрин медод. Соли 2021 ӯро беҳтарин мураббӣ эътироф карда буданд.

Мураббии нави “Истаравшан” кист?
Блоки рекламавӣ


