Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода муовини якуми Раиси Ҳукумати вилояти Воронежи Федератсияи Россия Данил Кустовро ба ҳузур пазируфт.
Мулоқоти хоса ва васеи ҷонибҳо дар толори Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷаҳои мусбати ҳамкории ду минтақа изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Қайд гардид, ки вилояти Суғд ба яке аз марказҳои муҳими содиротии кишвар табдил ёфта, маҳсулоти корхонаҳои он ба Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо содирот мегардад.
Муовини якуми раиси Ҳукумати вилояти Воронеж Данил Кустов аз пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, ҳамкориҳои кунунии ду вилоятро дар бахшҳои тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ мусбат арзёбӣ кард ва омодагии ҷониби худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда баён намуд.
Таъкид шуд, ки айни замон байни вилояти Суғд ва вилояти Воронеж дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Давоми соли 2025 аз вилояти Суғд ба вилояти Воронеж асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваву сабзавот ва хушкмева содирот гардида, дар навбати худ аз вилояти Воронеж ба вилояти Суғд равғани растанӣ, ғалладонагӣ ва шакар ворид шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь