Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 38-солаи сокини шаҳри Исфара 3-юми ноябри соли 2025, ки бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, такроран 3-юми декабри соли 2025 дар назди бозори Мюмарказии шаҳри Исфара ба як харидор маблағи пулӣ 20 ҳазор рубли русиро баробар ба 2 ҳазору 384 сомонӣ иваз намуда, додааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



