Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, Ризоев Саттор, сокини 30-солаи шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир намуданд.
Номбурда, санаи 5-уми феврали соли ҷорӣ, дар кӯчаи Р.Набиев дар ҳолати мастӣ, бо шаҳрванд Саидов Ю., муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон, аз ин кирдори худ қаноатманд нашуда, вориди мағозаи фурӯши телефонҳои мобилии Саидов Ю., гардида, якчанд адад телефони мобилӣ, таҷҳизоти электронии қабули маблағ ва тирезаю дари шишагини мағозаи мазкурро қасдан зада шикастааст.
Ризоев С., бо содир намудани ин кирдори ҷиноятии худ, ба ҷабрдида беш аз 42-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гумонбаршаванда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Муноқишае, ки бо ҷиноят анҷом ёфт
Блоки рекламавӣ


