Ба гуфтаи шаҳрдори Бохтар Муминзод Абдулмаҷид дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар насби дурбинҳои назоратии лоиҳаи “Шаҳри бехатар” шуруъ шудааст.
Ҳамзамон ҳамаи чароғакҳои шаҳр, ки таъмирталабу фарсуда буданд, пурра бо чароғакҳои замонавӣ иваз карда мешаванд.
“Насби дурбинҳо як сол идома хоҳад кард. Баъди пурра амали шудани ин лоиҳа мушкилии тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои шаҳр бартараф хоҳад шуд”,-илова кард ӯ. Ба таъкиди шаҳрдор, ҳамаи роҳҳои шаҳр – аз даромадгоҳҳо то кӯчаҳои дохилӣ, ба “Шаҳри бехатар” пайваст мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь