Як мард аз деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод бо гумони қатли ҳамсари собиқаш, Ҷавҳарбии Давлатшоҳи 27-сола дастгир шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ҳодиса 16-уми декабр рӯй дода, гумонзад 28-сола аст ва ҳодиса бар пояи хусумату рашк “бо бераҳмии махсус дар назди фарзандони ноболиғ сурат гирифт”. Мақомот номи гумонзадро нагуфтанд.
Дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, алайҳи мард бар асоси қисми дуи банди 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне одамкушӣ, парванда боз шудааст.
Аз Ҷавҳарбии Давлатшоҳ ду тифл ятим мондааст. Ҷасади ӯро баъд аз ташхиси тиббиву додгоҳӣ дафн кардаанд. Ба ҳамсари собиқи ӯ аз 15 то 25 сол зиндон таҳдид мекунад.
Блоки рекламавӣ



