Китобе, ки худам дер боз мунтазираш будам, рӯзи боронии Теҳрон ба дастам расид. Бовар кунед, “Мумиё”-и аслу ноб, китобе, ки дӯст дорам гаштаю баргашта хонамаш (ё ҳар нависандаву шоир ҳамин тур аст?) Саъй намудам гузаштаро аз зери хоку овор берун кашам, мутмаинам пас аз хонданаш дер гоҳ дар ёд мемонад (Ё ба назари банда ин тур менамояд?)
Ба китоб худи банда сарсухан навиштам бо ин мазмун:
«Мумиё» танҳо номи як достон нест; рамзи ҳофизаест, ки аз зери қабатҳои замон берун меояд, рамзи он чизҳое, ки фаромӯш шудаанд, аммо ҳанӯз нафас мекашанд. Ин китоб маҷмӯаи достонҳост, вале дар асл маҷмӯаи дардҳо, орзуҳо, суолҳо ва тасвирҳое мебошад, ки ҳар кадом ба шохаи дигаре аз дарахти зиндагӣ пайвастаанд.Дар ин саҳифаҳо дувоздаҳ моҳ, сездаҳ дард ҳамсафаранд; зеро зиндагӣ ҳамеша аз тақвими расмӣ фаротар меравад.
Навиштани ҳар як аз ин достонҳо, натиҷаи соатҳо танҳоӣ, андеша, хуни ҷигархӯрӣ, бознависӣ ва ҳазфу ҳазф. Достон аз ҷумла оғоз меёбад, аммо то ба шакли ниҳоӣ расидан аз даруни дилу ҷигар мегузарад. Калимаҳо осон ба дастам наомаданд; онҳо талаб мекунанд, ки нависанда қисме аз вуҷуди худро қурбон созад. Танҳо сармояи банда ҳамин достонакҳои камарзишанд, ки дилам бо онҳо хуш аст. Ба ҳеч ваҷҳ иддаои суханварӣ ё чашмдоште аз касе ва чизе надорам, аммо Худои ман шоҳид-бо ҳар сатри онҳо зиндагӣ кардаам, бо вожаҳо ҳамқадам шудаам, зери дандонам чарс-чарс кардаанд, бо задани набзам боло поин шудаанд.
Ҳикояҳо аз ҳам ҷудо нестанд, аз миёнашон риштаи дард мегузарад ва ба ҳам васлашон месозад. Ин китоб шояд посух надиҳад, аммо бешак суол эҷод мекунад. Шояд роҳ нишон надиҳад, аммо чароғе фурӯзон мекунад. Ва агар хонанда дар миёни ин достонҳо порае аз зиндагии худро ёбад, пас «Мумиё» рисолати худро анҷом додааст. Ҳар замон мағзам ғалаён карда ва зеҳнам обистани зоиш шуда, ба қалам рӯй овардаам. Пас аз хондани онҳо шояд ба ҳарфам бовар кунед. Бовар ҳам накунед, ҳеч мушкиле нест-буду шудам ҳамин аст. Дӯстатон дорам, дар ҳар ҳолат. Бо хушиатон хушам.”
“Мумиё” 13 достони кӯтоҳ-ҳикояро фаро мегирад, бо ҳуруфи кириллии тоҷикӣ дар интишороти “Орван”-и Теҳрон дар 500 нусха мунташир шуд, ки дар поён нақди Фирдавси Аъзам-шоиру мунтақиде, ки дӯсташ дорам-“Мумиё”-ҷарроҳии рӯҳи як ҷомеаи шикаста”-ро овардам, ки хамираку фатираки достонро шикофтааст.(Сипоси вижа дорам ба Фирдавс ва қаламу андешаи пӯёаш).
Духтари наққошам-Фархунда ба ҳар достон наққошие халқ карда ва гузоштааст. (Ба ӯ ҳам сипос).
Китобро ба Падари арҷмандам Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад бо ин сатрҳо тақдим намудам, ки аз нафаси ӯ маъниро ёд гирифтам ва дар меҳроби сукуташ Сухан ба нури маърифат расид. Ин китоб саҷдаи ҳамон нур аст. Равонаш шод бошад!
“Мумиё”-ро ба Тоҷикистон мефиристам ва ба бархе дӯстони китобхон тақдим мекунам, мобақиро мефурӯшам ва пулашро ба хонаводаи мӯҳтоҷе тақдим мекунам.
Шоҳмансури Шоҳмирзо

“МУМИЁ” ба бозор омад!
Блоки рекламавӣ


