Ҷеймс Девид Ванс, муовини Президент Доналд Трамп ҳангоми мусоҳиба бо телевизиони амрикоии “Фокс Нюс” гуфт ҳадафи Амрико пайдо кардани роҳи ҳаллест, ки ду тараф пазиранд: “Мо саъй дорем, роҳи ҳаллеро ёбем, ки украиниҳову русҳо пазиранд ва дар як сулҳи нисбӣ зиндагӣ кунанд ва куштор бас шавад.

Ин роҳ ҳеч касро фавқулода розӣ намекунад. Вале дар ниҳоят русҳо ва украиниҳо ғолибан аз он хушҳол мешаванд. Ба назари ман, чунин музокирот бе раҳбарии Доналд Трамп номумкин аст,” .Ҷеймс Девид Ванс гуфт, ки Амрико барои баргузор кардани музокироти сеҷониба байни Трамп, Зеленский ва Путин кор мекунад, вале ба андешаи ӯ гуфтугуи Путин бо Зеленский пеш аз мулоқот бо Трамп созанда нахоҳад буд. Як мақоми Кохи Сафед рӯзи шанбе гуфт, ки Доналд Трамп мухолифи мулоқоти сеҷониба нест, аммо кохи “Сафед” гуфтушуниди дуҷонибаро барномарезӣ мекунад, чун Путин ингуна тақозо кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь