14 октябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди муҳокима шуд.
Дар ин замина, тақвияти ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолию логистикӣ зарур шуморида шуд.
Ба баргузории мунтазами ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва таъсиси Фонди муштараки сармоягузорӣ авлавият дода шуд.
Блоки рекламавӣ



