26 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёму таманниёти гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев расониданд.
Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷараёни рушди бемайлони тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстию ҳамкории пурсамари Тоҷикистон ва Қазоқистон, аз ҷумла густариши робитаҳои созандаи байнипарламентӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба масоили рушди муносибатҳои ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев
Блоки рекламавӣ


