Имрӯз дар доираи ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова доир гардид.
Тавре аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин аз ҷараёни рушди устувори шарикии судманди дуҷониба ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба нақши муколамаи мунтазами сатҳи олии Сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко дар таҳкиму густариши минбаъдаи равобити дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус баҳои баланд доданд.

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Наталя Кочанова
Блоки рекламавӣ


