Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ширкати «Хуавей» дар Тоҷикистон Ма Тян мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» пешбинӣ шуда, ҳадафи асосии он назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, қонунвайронкуниҳо ва дигар ҳодисаҳои нохуш мебошад.
Ҷонибҳо вобаста ба марҳилаҳои амалисозии лоиҳа, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамои ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи босифати онро муҳокима карданд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати технологии «Хуавей» дар самти татбиқи лоиҳаҳои «Шаҳри бехатар» таҷрибаи калон дорад.

Мулоқоти Раҷаб Аҳмадзода бо Ма Тян
Блоки рекламавӣ


