Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода роҳбари ширкати маъруфи итолёвии «Carrera» Имерио Такелла ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот фаъолияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории корхонаҳои муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САТН» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва саҳми корхонаҳои саноатии вилоят дар рушди иқтисодиёт изҳори қаноатмандӣ намуданд. Корхонаҳои «Ҷавонӣ» ва «САТН» аз ҷумлаи коргоҳҳои муваффақи вилоят буда, маҳсулоти онҳо, ки асосан ба кишварҳои Аврупо содирот мешавад, муаррифгари саноати Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ мебошанд.
Ин корхонаҳои муштарак 30 сол қабл бо ҷалби сармояи Итолиё таъсис ёфта, имрӯз низ фаъолияти назаррас доранд. Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ ва истифода аз имкониятҳои мавҷуда баҳри зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мубодилаи афкор намуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд