5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аваза дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов вохӯрданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ду кишвар ва рӯзномаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳо бо Туркманистон аҳамияти доимӣ медиҳанд.

Дастгирии фаъоли муколамаи сиёсии байнидавлатӣ ва тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид шуд.

Ба масъалаи густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нафту газ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат пешниҳод гардид, ки ду ҷониб “Харитаи роҳ”-ро барои солҳои 2026-2028 таҳия ва амалӣ созанд.

Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ фаъол истифода гарданд.

Ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ миёни пойтахтҳо масъалаи муҳим боқӣ мондааст.

Густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш мавзӯи дигари сӯҳбат буд.

Вобаста ба робитаҳои байналмилалию минтақавӣ тарафҳо аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь