25 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои адлия, фарҳанг, мақомоти Прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, мулоқот намуданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовини вазири адлия, муовини вазири фарҳанг, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзида таъин гардиданд.
Дар асоси банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Бобохонзода Асомуддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан» ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.
Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудан ва ба вазифаи муовини Раиси Палатаи ҳисоб таъин намудани Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмад, дар бораи ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадшарифзода Парвиз Маҳмадшариф ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардорони як қатор раёсатҳои Прокуратураи генералӣ, Прокуророни ноҳияҳои Ванҷу Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳри Бӯстон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, сардорони шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт иваз карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь