Чоруми октябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Руссия Андрей Назаров, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бошқирдистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи бештар ба бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ зоҳир шуд.
Блоки рекламавӣ



