Имрӯз вохӯрии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев доир гардид.
Зимни мулоқот ҳодисаи кушта шудани шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Алиев дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскави Федератсияи Руссия мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки ин ҷинояти мудҳиш дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронии ҷиддӣ ва вокуниши васеъ ба бор овардааст.
Дар ин замина ҷониби Тоҷикистон ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷониба, одилона ва шаффофи қазияи мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Руссия ишора намуда, аҳамияти таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти ноболиғонро ҳамчун авлавияти умумӣ таъкид кард.
Блоки рекламавӣ



