Чоруми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони асосии кишвари мо ба шумор рафта, давоми солҳои ҳамкорӣ барои татбиқи зиёда аз 200 лоиҳа ба маблағи умумии 2,9 миллиард доллар саҳм гузоштааст.
Ҷонибҳо аз қабули Стратегияи нави шарикии Бонк ва Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки самтҳои асосии он, аз ҷумла рушди энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таҳкими бахшҳои иҷтимоию хусусӣ, ба ҳадафҳои миллии Тоҷикистон комилан тавъам мебошанд.
Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь