Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Туркменбошӣ бо Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Туркменбошӣ хайра мақдам гуфта, барояшон хоҳони буду боши хуш ва боздиди пурмаҳсул шуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фурсати муносиб барои дидору гуфтугӯ бо роҳбарияти Туркманистони дӯст изҳори қаноат намуда, ба кори конфронси байналмилалии басо муҳим ба бародарони туркман барору комёбӣ хостанд.

Зимнан доир ба доираи васеи масоили вобаста ба мунобатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид.

Ҳамчунин, доир ба як зумра мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь