29 декабри соли равон дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳайатҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Айбек Шаменов иштирок намуда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстона ва робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ҳамсоя — Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зикр шуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2025 ба марҳилаи сифатан нав ворид гардиданд. Аз ҷумла, бозкушоии расмии гузаргоҳҳо дар сарҳади давлатии ду кишвар имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистону Қирғизистон дубора робитаҳои деринаи ҳамсоядориро эҳё намуда, роҳи нави ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро боз намоянд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни мулоқот иброз дошт, ки ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тӯли зиёда аз сад сол ҳалнашуда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ рӯйдоди муҳим ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин ҷонибҳо аз имзои шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва қабули Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ ёдовар шуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Айбек Шаменов изҳори бовар намуданд, ки дар соли 2026 ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо боз ҳам густариш ёфта, мардуми ду кишвар дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ намуда, дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои созанда саҳми арзанда мегузоранд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди сайёҳӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ва тақвияти робитаҳои байниминтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқоти ҳайатҳои вилояти Суғд ва вилояти Ботканд
Блоки рекламавӣ


