Дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” масоили марбут ба дурнамои рушди фаъолияти корхона, афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта шуд, ки дар баробари дигар корхонаҳои бузурги саноатӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” низ дар рушди соҳаи саноати вилоят саҳми назаррас мегузорад. Ин корхона тӯли 11 сол фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоташ аз 852,5 миллион сомонӣ дар соли 2015 ба 3 миллиарду 378,4 миллион сомонӣ дар соли 2025 расидааст. Тибқи маълумоти оморӣ, корхона уҳдадориҳои истеҳсолии худро дар соли 2025 ба андозаи 106 фоиз иҷро намудааст.
Таъкид гардид, ки фаъолияти чунин корхонаҳои муштарак дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монда шуда, дар рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои созанда нақши муҳим мебозад.
Зимни мулоқот ҳамчунин зикр шуд, ки соли 2026 мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд. Ба ифтихори ин санаи муқаддас дар вилояти Суғд корҳои густурдаи ободониву созандагӣ ҷараён дошта, яке аз ҳадафҳои асосӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба шумор меравад.
Дар ин замина Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” уҳдадор гардид, ки соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба беш аз 4 миллиарду 200 миллион сомонӣ расонад. Роҳбарияти корхона аз нақшаҳои минбаъда ва тасмимҳои созандаи худ ба роҳбари вилоят маълумот дода, изҳор дошт, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида уҳдадориҳои ба зиммагирифтаро сарбаландона иҷро хоҳанд намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь