Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
Дуюми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла робитаҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бо таваҷҷуҳи зиёд ба рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Мо саҳми шоистаи Шуморо, ҷаноби Си Ҷинпин, дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳоямон баланд арзёбӣ менамоем”.
Сарвари давлати мо бо таъкиди дастгирии ташаббуси нави “Идораи глобалӣ”-и Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳор доштанд, ки ин ташаббус бо талошҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, сулҳи комил, амният ва рушди устувор ҳамсон аст ва барои пешбурди ҳадафҳои муштараки мо зарфияти зиёд дорад.
Ҷонибҳо аз такмили абзорҳои ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстиву самимият ҷараён гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь