Ӯзбекистон барои кӯмак ба устураи футболи тоҷик, бозингари собиқи «Помир» Муҳсин Муҳаммадиев ҷамъоварии маблағ эълон шудааст.
Ҳоло Муҳсини 58-сола пас аз сактаи майна дар яке аз беморхонаҳои Маскав табобат гирифта истодааст. Ба ӯ ҷарроҳии мураккаб ва барқарорсозии минбаъда зарур мебошад.
Дар Самарқанд рӯзи 6 сентябр бозии хайрия баргузор мешавад. Дар он собиқ бозингарони «Динамо» ва ҳамчунин дастаҳои миллии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Шиори бозӣ: «Муҳсин, мо бо туем!».
Арзиши як билет — 20 ҳазор сӯм (тақрибан $1,7). Ҳамаи маблағҳо барои кӯмак ба Муҳсин Муҳаммадиев равона мегардад.
Ҳар кас метавонад маблағро мустақиман ба ҳисобҳои зерин гузаронад:
Ҳисоби Азамат Абдураимов (Ӯзбекистон): 6262 7300 5472 3699
Ҳисоби ҳамсари Муҳсин Муслимович, – Моҳира Муҳаммадиева (Сбербанк, Русия ): 4006 8000 2259 1845
Онҳое ки дур ҳастанд, метавонанд маблағи билетро ба кортҳои зерин гузаронанд. Ҳарчанд маблағ кам аст, вале мо бисёрем. Биёед ба ситораи худ кӯмак кунем!

Муҳсин, мо бо ту ҳастем!
Блоки рекламавӣ


