Ба тоҷикистониен иҷозат дода шуд, ки дар Душанбе барои кор дар Русия аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон минбаъд метавонанд дар Душанбе аз муоинаи тиббӣ гузаранд, ки барои кор дар Руссия зарур аст. Ин дар созишномаи ташхиси тиббии муҳоҷирон аз ҷумҳурӣ, ки 8 октябр дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Руссия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба имзо расида буд, пешбинӣ шудааст”, – хабар додааст РИА Новости.
Ҳуҷҷатро вазири тандурустии Руссия Михаил Мурашко вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имзо кардаанд. Муоинаи тиббӣ дар як нуқтаи махсус дар қаламрави яке аз беморхонаҳои тиббии Душанбе ташкил карда мешавад ва тибқи қоидаҳои Руссия гузаронида мешавад. Пас аз расидан ба Руссия дубора гирифтани маълумотномаи тиббӣ лозим нест.

Муҳоҷирони тоҷик дар Душанбе аз ташхис мегузаранд
Блоки рекламавӣ


