Пештар ташхис дар ҳудуди Руссия мегузашт ва даҳҳо муҳоҷирро бо баҳонаи гирифтор будан ба бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар берун мекарданд.
Созишнома дар ин бора рӯзи нӯҳуми октябр пас аз мулоқоти Владимир Путин, Президенти Руссия ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар Душанбе имзо шуд.
Инчунин, мақомоти ду кишвар созишномаи соли 2019 дар бораи “ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои муваққатӣ дар Русия”-ро тағйир додаанд.
Ҷузъиёти ин созишномаҳо ҳанӯз шарҳ дода нашудааст, вале дар як созиши дигар ду ҷониб эълон кардаанд, ки дар мавриди “мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират” низ ба созиш расидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон созишҳоро “созанда” гуфтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь