Мақомот дар Руссия баъди се шабонарӯзи боздошти даҳҳо мусофири тоҷикистонии чанд ҳавопаймо дар як фурудгоҳи Маскав, онҳоро дубора ба Тоҷикистон фиристоданд. Онҳо бо мақсади муҳоҷирати корӣ рафта буданд, вале бозгардони онҳо бидуни шарҳи расмӣ ва бедалел сурат гирифт. Дар давоми ду соли охир мақомот дар Руссия даҳҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ, аксар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо поймолкунии дағалонаи ҳуқуқашон аз хоки ин кишвар ихроҷ карданд.
Беш аз 100 муҳоҷири тоҷикро ба ҳудуди Руссия иҷозаи вуруд надода, аз фурудгоҳҳои Маскав ихроҷ ва ё бозпас фиристоданд. Ин мусофирон мегӯянд, рӯзи 12-уми январ ба Маскав парвоз карда буданд, вале ба ҷои ворид шудан ба шаҳр, се шабонарӯз дар фурудгоҳи “Домодедово” дар шароити ногувор нигаҳдорӣ ва дар ниҳоят, ба Тоҷикистон ронда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь