Мақомоти ҳифзи қонуни Маскав қазияи эътирози як муҳоҷири тоҷикро аз напардохтани маош аз рӯи се банди Кодекси ҷиноии Русия мавриди санҷиш қарор додаанд.
Ин ҳодиса якуми октябр рух дод. Коргари ширкати “ТопКран” Қурбонов дар нӯги крани сохтмонӣ истода аз корфармояш талаб кард, ки 480 ҳазор рубл пули маоши чандинмоҳаашро пардохт намояд.
Танҳо баъди ба ҷои ҳодиса омадани милиса ва дигар сохторҳои ҳифзи қонун, “эътироз” тамом шуд. Мақомот гуфтанд, ки ин қазия аз рӯи моддаҳои нақзи талаботи бехатарии меҳнат, напардохтани маош ва расонидан ба худкушӣ санҷида мешавад.
Расонаҳои хабарии шаҳри Маскав навиштанд, ки як “кранчӣ болои кран баромада, таҳдид дорад, ки агар маошашро надиҳанд, худро ба замин ҳавола мекунад. Ӯ се моҳ шуд, маош нагирифтааст”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь