Дар пайи дигаргуниҳои зиёд дар қонунгузорӣ ва сиёсати муҳоҷират дар Русия дар ду соли гузашта, қоидаҳои қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо душвортар гардид. Онҳо бе супоридани имтиҳони забони русӣ ҳаққи таҳсил надоранд.
Аз сӯйи дигар, худи муҳоҷирон ҳам бояд қонунӣ будани иқомати худро дар Русия исбот кунанд. Ин сахтгириҳо сабаб шуд, ки моҳи сентябри соли 2025 беш аз 87 дар сади фарзандони муҳоҷирон дар Русия аз мактаб берун монанд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта ҳазорон кӯдакеро, ки аз Русия баргаштанд ва дар мактабҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифтанд.
Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ахир изҳор дошт:
“Инҳо фарзандони худи мо ҳастанд, фарзандони Тоҷикистон ҳастанд. Вақте ба мо муроҷиат карданд, онҳоро ҷобаҷо кардем. Фақат дар баъзе ҳолатҳо мушкилоте шудаанд, ки онҳо дар Русия ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд. Масалан дар Тоҷикистон хондааст, синфи 7-ум, рафтааст, як сол нахондааст. Баргашта меояд ва мехоҳад дар синфи 8 ё 9 гузарад. Ин мумкин нест.»
Суҳайлӣ Қодирӣ, мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки идораи Омбудсмен дар ин мавзӯъ иброз дошт:
“Ин мавзуъ дигар бо Русия баррасӣ карда намешавад, зеро онҳо аллакай дар сатҳи қонунгузорӣ тағйирот ворид кардаанд. Ин аллакай масъалаи ҳалшуда аст, дар он ҷо. Агар дар шакли баррасӣ, ё лоиҳа мешуд, мо чизе мегуфтем, аммо аллакай ба қонунгузорӣ ворид шудааст ва ин мушкилот боқӣ мемонад. Минбаъд онҳо марҳила ба марҳила ҳамин низомро ба танзим дароварданӣ ҳастанд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь