Тибқи муқаррароти қонуни нав, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо то 1 сол кам карда мешавад. Минбаъд тибқи он барои шахсоне, ки таҳсилоти асосии синфи 9-ро доранд, муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз 4 сол ба 3 сол расонида мешавад.

Барои шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи умумии синфи 11-ро доранд, муҳлати таҳсил аз 3 сол то 2 сол кам карда шуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амал мекунанд, ки дар онҳо аз рӯйи 10 самт, аз ҷумла омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ ва ҳуқуқ кадр омода карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь