Муҳаммадӣ Раҷабов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ миёни наврасон дар Маҷористон, ки аз 4-ум то 7-уми сентябр доир шуда истодааст, ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид.
Раҷабов аз намуди каноэи якнафара масофаи 14,4 км-ро дар муддати 1 соату 12 дақиқа тай намуда, сеюм шуда ба марра расид.
Намояндаи Португалия – Леонардо Барбоса медали нуқра ва нишони тиллоро намояндаи Чехия – Мартин Новачек ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Раҷабов аввалин варзишгар аз риштаи қаиқронӣ шуд, ки аз Қаҳрамонии ҷаҳони наврасон соҳиби медал гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь