29 июли соли 1996 Муҳаммад Осимӣ, академики тоҷик, собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар 76-солагӣ кушта шуд…

Муҳаммад Осимӣ ҳамчун файласуф натанҳо дар рушди ин илм дар Тоҷикистон саҳм гузошт, балки ба донишмандони дигар имкон фароҳам овард, то дастовардҳои худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи Самарқанд дар соли 1941, муддате дар мактабҳои олии Тоҷикистон кор кардааст. Як муддат бо кори сиёсӣ ва давлатӣ низ шуғл варзид.

Солҳои 1946–1952 мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, муовини директори Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, солҳои 1956–1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 1962 вазири маорифи халқи Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Солҳои 1962–1965 ба ҳайси раиси Коммитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ кор кардааст.

Осимӣ беш аз бист сол, аз соли 1965 то 1988 президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ҳамзамон солҳои 1991–1996 вазифаи раиси Ҷамъияти “Пайванд”-ро бар дӯш дошт. Охирҳои солҳои 80-ум ва ибтидои 90-и асри XX дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфтааст. Зери роҳбариаш шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд.

Ӯ инчунин, солҳо Маркази пажӯҳиши тамаддун ва фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказиро дар ЮНЕСКО сарварӣ мекард. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Осимӣ аз аввалин касоне буд, ки хостори ислоҳот дар илми тоҷик, аз ҷумла бознависии таърихи тоҷикон шуд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмии академик Осимӣ фалсафаи табиатшиносӣ, таърихи фалсафа, илм, забон, адабиёт мебошад. Таълифоти ӯро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлӯҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ фарогир мебошанд.

Олими номвари тоҷик дар рушди илми ватанӣ нақши боризи худро гузошт, вале 29 июли соли 1996 Муҳаммад Осимиро силоҳбадастони ҷоҳил ба қатл расониданд ва ҳоло оромгоҳи ӯ дар “Лучоб” аст…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь