Расонаҳои покистонӣ аз кушта шудани як фармондеҳи тоҷикистонии ДОИШ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон хабар додаанд. Аз ӯ Муҳаммад Эҳсонӣ ном бурда шудааст, ки бо номи “Анвар” низ маъруф будааст.
Шабакаи телевизионии Покистон “24News” бо такя ба манобеъи амниятӣ гуфтааст, ки ин фармондеҳи шохаи “Хуросон” – и ДОИШ дар тарҳрезӣ ва иҷрои ҳамлаи маргталабона дар Пешовар дар соли 2022 даст дошт. Дар ин ҳамла 67 нафар кушта шуда буданд. Хабари кушта шудани Муҳаммад Эҳсониро телевизиони форсизабони “Афғонистон интернешнл” ҳам пахш кардааст.
Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад Эҳсонӣ масъули ҷалб ва омӯзиши бомбгузорони маргталаби тоҷик барои анҷоми ҳамлаҳо дар хоки Покистон будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь