Бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қалъаи бостонии Бибихонум, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд, ки тобеи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора аз ин агентӣ иттилоъ додаанд.
“Ёдгории бостонии қалъаи Бибихонум ба категорияи ёдгориҳои нодири бостонии миллӣ мансуб буда, аз ибтидои асрҳои 1 мелодӣ то давраи охири асри 19 ҳамчун истеҳкоми пурқудрат мавҷудият доштааст” – омадааст дар хабарнома. Ҳоло кормандони Агентӣ дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-бостоншиносӣ бурда истодаанд. Ҳангоми пажӯҳиш бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, мансуб ба давраи Сомониён ва давраҳои минбаъдаи таърихӣ дарёфт гардидаанд.
Блоки рекламавӣ